Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба “Толибон” таслим шудааст ва ин вилоят суқут кардааст

Шабакаи Тулӯънеюс  бо нашри як видео дар бахши телеграми худ, навиштааст, ки Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба гуруҳи "Толибон" таслим шудааст. Довуд Лағмонӣ яке аз чеҳраҳои ҷанҷоли чанд моҳи ахири Афғонистон аст. Худи вилояти Ғанӣ, ки умдатан як вилояти ҳазоранишин аст ба тасарруфи Толибон даромадааст. Моҳи майи имсол Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон, Довуд […]

Шабакаи Тулӯънеюс  бо нашри як видео дар бахши телеграми худ, навиштааст, ки Довуд Лағмонӣ, раиси вилояти Ғазнӣ ба гуруҳи "Толибон" таслим шудааст. Довуд Лағмонӣ яке аз чеҳраҳои ҷанҷоли чанд моҳи ахири Афғонистон аст. Худи вилояти Ғанӣ, ки умдатан як вилояти ҳазоранишин аст ба тасарруфи Толибон даромадааст.

Моҳи майи имсол Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон, Довуд Лағмониро волии влояти Форёб дар шимоли ин кишвар таъин карда буд, ки бо эътирозҳои густардаи мардум рӯ ба рӯ шуд.

Аммо манбаъҳои дигари расонаии Афғонистон навиштаанд, ки Лағмонӣ вилоятро ба "Толибон" таслим кардаасту худаш ба Кобул фирор кардааст.

Мардуми Форёб бо баргузор кардани эътирозҳои хеле густарда нагузоштанд, ки Лағмонӣ ба фаъолият оғоз кунад ва ӯ пас аз қарор гирифтан дар идораи амнияти ин вилоят, баъди се рӯз ба Кобул баргашт ва воли Ғазнӣ таъин шуд.

Толибон ҳамлаҳояшонро ба Ғазнӣ шаби гузашта оғоз карда буданд ва то зуҳри имрӯз ба ҷуз қароргоҳи артиш дар ин вилоят дигар тамоми ниҳодҳоро тасарруф карда буданд ва пас аз зуҳр вилоятро комилан ғасб карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.