Фоҷиа: Сарозер шудани мошин бо 6 мусофир ва як мурда ба дарёи Панҷ

Субҳи имрӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурдааст. То ҳол ҷасади ду нафарро пайдо карда, тақдири чор нафари дигар норавшан аст. Ин фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” […]

Субҳи имрӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурдааст.

То ҳол ҷасади ду нафарро пайдо карда, тақдири чор нафари дигар норавшан аст. Ин фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кард.

Номбурда дар шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш гуфт, ки дар мошини тамғаи “Лексус”, ки ба сокини деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд ва ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст.

Сабаби ба дарё сарозер шудани мошин то ба ҳол маълум нест.

– Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд.Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфт раиси ноҳия Мирзозода.

Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.

– Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамаи хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Кофтуков идома дорад. Ман шахсан бо раиси ноҳияи Дарвоз дар тамос ҳастам. Мардум сафарбар шудааст, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса ҳастанд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.