Мавқеи Тоҷикистон дар баробари “Толибон”: Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад",- хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, имрӯз, 25-уми август дар Душанбе сурат гирифт. Гуфта мешавад вазири корҳои хориҷаи Покистон барои баҳс сари ҳукумати ояндаи Афғонистон ба чанде аз кишварҳои минтақа ва ҳамсояи Афғонистон сафар анҷом медиҳад. 

Дар хабари дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки "имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад. Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст".

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамчунин аз ин мулоқот навишта, ки "ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд".

"Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад",-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дидгоҳҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот, ки барои барои ҳалли қазияи Афғонистон матраҳ шудаанд:

 – Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

– Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.

 – Тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

 – Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

 – Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

 – Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

 – Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.