Ҷопон татбиқи лоиҳаи GGP-ро дар ноҳияи Мурғоб ба итмом расонид

Рӯзи 24 август сафири Ҷопон дар Тоҷикистон МИЯШИТА Такаюки дар якҷоягӣ бо Исрор ИСРОРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Мурғоб дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи сохтмони  беморхонаи минтақавӣ дар ҷамоати Гожо Бердибоеви ноҳияи Мурғоб” иштирок карданд. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони бинои нави беморхонаи […]

Рӯзи 24 август сафири Ҷопон дар Тоҷикистон МИЯШИТА Такаюки дар якҷоягӣ бо Исрор ИСРОРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Мурғоб дар маросими анҷом ёфтани  “Лоиҳаи сохтмони  беморхонаи минтақавӣ дар ҷамоати Гожо Бердибоеви ноҳияи Мурғоб” иштирок карданд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP)” амалӣ гардид. Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоби маблағи 89,250 доллари ИМА ҷудо кард. Дар маросим инчунин мақомоти маҳаллӣ, кормандони беморхонаҳо ва намояндагони ҷомеа ширкат варзиданд.

Беморхонаи минтақавии ноҳиявии ҷамоат Гожо Бердибоев ягона муассисаи давлатии тиббӣ мебошад, аҳамияти беморхона барои сокинони маҳаллӣ, ки дастрасии маҳдуд ба дигар хизматрасониҳои тиббиро доранд, хеле баланд аст. Аммо бинобар қатъ шудани шартномаи истифодаи ин бино мардум ба бинои нави беморхона ниёз доштанд.

Ташкилоте, ки соҳиби бинои пешини беморхонаи ноҳиявӣ буд, мехост онро баргардонад ва аҳолиро бе беморхона бимонад. Лоиҳа бомуваффақият анҷом ёфт, бинобар ин бинои нави беморхона бо 8 ҳуҷра сохта шуд ва акнун аҳолии ҷамоат метавонанд дар шароити беҳтар хизматрасонии босифати тиббиро идома диҳанд.

Зимни суханронӣ дар маросим, сафир иброз дошт, ки: «Барои ман супурдани ин беморхонаи нав ба сокинони Гожо Бердибоев ифтихори бузург аст. Бовар дорам, ки ин беморхона дар ин ҷамоат бо хадамоти пешрафтаи тиббӣ нақши муҳим мебозад. Ман аз номи ҳукумати Ҷопон аз иштирок дар ин лоиҳаи муҳим дар минтақаи Мурғоб хеле шодам ва итминон дорам, ки ин беморхона ба зиндагии дарозмуддат, солим ва хушбахтии мардум мусоидат хоҳад кард. Аз ин баъд умедворам, ки пас аз муолиҷаи муваффақ бемороне, ки аз ин бемористон берун мешаванд, сиҳату хушбахт хоҳанд буд».

Биноан ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Тоҷикистон равона шуда, ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 424 лоиҳаро ба маблағи умумии $34,3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.