Бо ҳузури 13 кишвар: дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 12 сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора, сомонаи телевизиони “Варзиш” хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки мусобиқа бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи куштии миллии кишвар ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида […]

Рӯзи 12 сентябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора, сомонаи телевизиони “Варзиш” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки мусобиқа бо ибтикори шаҳрдории Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи куштии миллии кишвар ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа паҳлавонон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Русия, Укроин, Белорус, Покистон Ҳиндустон, Озорбойҷон, Фаластин, Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон байни ҳам сабқат мекунанд.

– Рақобатҳо дар 5 вазн: 60 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг, +90 кг миёни мардон ва дар вазни то 65 кг миёни занон ҷараён мегирад,- менависад манбаъ.

Ғолибони 6 вазнро шоҳҷоиза – автомобил интизор аст. Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари амрикоӣ ва ғолибони ҷои сеюм – биринҷӣ соҳиби 1,5 ҳазор доллар мешаванд.

Ба ғайр аз ин, бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, он бо 1 ҳазор доллар сарфароз мегардад.

Ин дувумин мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати нахустин имсол ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.