Мулоқоти Ҳикматёр бо секретари Бен Лодан ва ҳимояти мутлақаш аз ҳукумати ояндаи “Толибон”

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон бо Аминулҳақ, секретари пешини Усома Бен Лодан, роҳбари собиқи гуруҳи террористии "Ал-Қоида" мулоқот кардааст. Ҳарчанд ҷузъиёти ин дидор маълум нест, ки чист, вале расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки ин дидор дар Кобул сурат гирифтааст. Аз сӯйи дигар Гулбиддин Ҳикматёр дар як мусоҳиба бо хабаргузори "Анотолу"-и Туркия гуфтааст, ки бидуни ҳеҷ пешшарте давлати […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон бо Аминулҳақ, секретари пешини Усома Бен Лодан, роҳбари собиқи гуруҳи террористии "Ал-Қоида" мулоқот кардааст. Ҳарчанд ҷузъиёти ин дидор маълум нест, ки чист, вале расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки ин дидор дар Кобул сурат гирифтааст.

Аз сӯйи дигар Гулбиддин Ҳикматёр дар як мусоҳиба бо хабаргузори "Анотолу"-и Туркия гуфтааст, ки бидуни ҳеҷ пешшарте давлати ояндаи Толибонро мепазирад.

"Барои муваффақияти Толибон бояд афроди бокифоят муаррифӣ шаванд",-гуфтааст Ҳикматёр. 

Дар ин мусоҳиба ӯ гуфтааст, ки ба дунболи мақоме дар ҳукумати Толибон намегардад ва тамоюле ҳам надорад, ки дар он мушорикат кунад, аммо Ҳикматёр ба ҳимояти мутлақ аз давлати ояндаи Толибон сарфи назар аз шакли он тъкид кардааст. 

Ҳикмтаёр ҳоло яке аз ҳамкорони "Толибон" дар Кобул аст ва гуфта мешавад, ки аз сӯйи ин гурӯҳ имоми намози ҷумъаи масҷиди Пули Хиштии Кобул таъин шудааст.

Чанд рӯз пеш ҳам Гулбиддин Ҳикмаёр ба изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири хориҷаи Покистон дар Душанбе, посух дод.

Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Тоҷикистон хостори ҷойгоҳи шоистаи тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати ояндаи ин кишвар мебошад. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.