Салоҳуддин Раббонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои орден ба падарашу Аҳмадшоҳ Масъуд ташаккур гуфт

Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар, бо нашри паёме дар саҳфаи фейсбукаш аз Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои ордени  дараҷаи I Исмоили Сомонӣ ба падараш ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, изҳори ташаккур кардааст. Салоҳуддин Раббонӣ навиштааст, ки "ҷалолатмаъоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯст ва […]

Asia-Plus

Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар, бо нашри паёме дар саҳфаи фейсбукаш аз Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои ордени  дараҷаи I Исмоили Сомонӣ ба падараш ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, изҳори ташаккур кардааст.

Салоҳуддин Раббонӣ навиштааст, ки "ҷалолатмаъоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон тайи ду фармони ҷудогона, нишони дараҷаи I Исмоили Сомонӣ, олитарин нишони давлатии Тоҷикистонро ба раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон, раисҷумҳури пешини ва шаҳиди сулҳ пруфейсур Бурҳонуддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии кишвар, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд эъто намудааст".

Раббонии хурдӣ дар ин паёмаш аз Эмомалӣ Раҳмон "бобати қадршиносӣ ва такрими ҷойгоҳ ва эҳдои олитарин нишони давлатии ин кишвар ба Раҳбари шаҳид ва Қаҳрамони миллии кишвар амиқан сипосгузорӣ" мекунад.

Ҳамчунин ӯ 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба шахси Эмомалӣ Раҳмон ва  мардуми Тоҷикистон табрик арз кардааст.

Бояд гуфт, ки имрӯз Эмомали Раҳмон бо ду фармони хос ба Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ба  ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” эҳдо кард.

Дар идома Салоҳуддин Рабонӣ навиштааст, ки нақши миёнҷигариёна ва сулҳҷӯёнаи Устоди шаҳид ва Қаҳрамони миллӣ дар поён бахшидани ҷанги дохилии тоҷикон ва барқарории сулҳу субот дар он кишвар арзанда ва таърихӣ пиндошта мешавад. Ӯ гуфтааст, ки падараш ба унвони раисҷумҳур нахустин сафари хориҷии хешро ба Тоҷикистон анҷом дода буда ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нахустин сафари худ ба Афғонистон ташриф оварда буд, ки тайи ин сафар мавзуъи ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон мавриди баҳс будааст. 

Раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, дар идомаи ин паёми ташаккурияш, ба мавзуъи кунунии Афғонистон пардохта, таъкид кардааст, ки "дар шароите, ки бақияи миллатҳо ва давлатҳо аз талошҳои ва дидгоҳҳои сулҳомези ин ду шахсият ёдоварӣ мекунанд, умедворем, ки вазъияти кунунии Афғонистон низ, аҳамият ва коромадии ин дидгоҳҳо дарк шавад ва мушкилоти феълии кишвари ахзизамон низ аз раҳгузари гуфтугӯҳои ҷомеъ ва дарбаргиранда ҳал гардад".

Якбори дигар таъкид мекунам, ки ҷанг интихоби беҳтар нест, аммо агар шароит ба тарафи такрори иштибоҳоти гузашта пеш бурда шавад, мардуми мо ҳаққи дифоъи машруъ аз худро барои ҳифз ва посдорӣ аз арзишҳо ва таҳаққуқи адолати сартосарӣ маҳфуз медорад,- гуфтааст Раббонӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.