Русия барои муҳоҷирон қатораҳои чартерӣ роҳандозӣ мекунад

Вазорати сохтмони Русия ба нақша гирифтааст, ки бо Ӯзбекистон масъалаи анҷоми расмиёти ба сохтмонҳои Русия бурдани муҳоҷиронро бо қатораҳо (поездҳо)-и чартерӣ баррасӣ намояд. Дар ин бора муовини вазири сохтмони Русия Никита Стасишин дар Форуми шарқии иқтисодӣ ба ТАСС хабар додааст. "Ҳоло мо бо супориши Татяна Голикова рӯйи ин масъала кор карда истодаем, – иброз доштааст […]

Вазорати сохтмони Русия ба нақша гирифтааст, ки бо Ӯзбекистон масъалаи анҷоми расмиёти ба сохтмонҳои Русия бурдани муҳоҷиронро бо қатораҳо (поездҳо)-и чартерӣ баррасӣ намояд. Дар ин бора муовини вазири сохтмони Русия Никита Стасишин дар Форуми шарқии иқтисодӣ ба ТАСС хабар додааст.

"Ҳоло мо бо супориши Татяна Голикова рӯйи ин масъала кор карда истодаем, – иброз доштааст Стасишин. – Ҳафтаи оянда зимни сафар ба Ӯзбекистон ният дорем, ки интихоб, эмкунӣ ва ҳама чизҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистонро дар шакли озмоишӣ ташкил кунем. Ин ба мо ҷиҳати транзити бехатар тавассути қаламрави Қазоқистон ба муташакккилона бурдани муҳоҷирони корӣ бо қатораҳо имкон медиҳад”.

Ба гуфтаи ӯ, сафарбарии муташаккилонаи озмоишии муҳоҷирон то охири сол ба нақша гирифта шудааст.

Пештар зикр гардида буд, ки Вазорати сохтмони Русия имкони воридоти муҳоҷирони меҳнатиро ба қатораҳои чартерӣ барои кор дар сохтмонҳои ин кишвар баррасӣ мекунад.

Форуми VI шарқии иқтисодӣ рӯзҳои 2-4 сентябр дар чаҳорчӯби барномаи “Имконоти нави Шарқи Дур дар ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор мешавад.

Дар доираи кори форум инчунин як қатор чорабиниҳои дигар, аз қабили Форуми шарқии иқтисодии ҷавонон, Форуми Шарқии иқтисодии “Юниор” ва таҳти унвони “Кӯчаи Шарқи Дур” намоишгоҳ низ доир мегардад. Созмондеҳи форум Фонди Росконгресс мебошад. Хабаргузории ТАСС шарики кулли иттилоотӣ ва  фотохост-агентии чорабинӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.