Тоҷикистон ба Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ пас аз марг ордени Исмоили Сомонӣ дод

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бурҳониддини Раббонӣ раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки фармони сарфароз гардонидани ду шахсияти миллии Афғонистон, имрӯз, 2 сентябр ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, […]

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бурҳониддини Раббонӣ раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва Қаҳрамони миллӣ ва вазири собиқи мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки фармони сарфароз гардонидани ду шахсияти миллии Афғонистон, имрӯз, 2 сентябр ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, онҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо фармони президенти Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин ҷоиза оавардааст, ки "Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд. Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст".

Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд ҳаккокт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.

Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” – тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I – 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.

Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.