Бозии Пекину Маскав. Чаро Путин ба нишастҳои СҲШ ва СААД наомад?

Маскав ва Пекин нисбат ба мавқеи умумӣ дар мавриди толибон сари қарордоде нарасиданд, бинобар ин, аз таҳияи рӯзномаи ягона худро канор мегиранд. Бекор шудани сафари Путин дар охирин лаҳза ба Тоҷикистон барои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як қатор саволҳоро ба миён овард ва кам касон бар ин боваранд, ки сабаби ин […]

Маскав ва Пекин нисбат ба мавқеи умумӣ дар мавриди толибон сари қарордоде нарасиданд, бинобар ин, аз таҳияи рӯзномаи ягона худро канор мегиранд.

Бекор шудани сафари Путин дар охирин лаҳза ба Тоҷикистон барои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як қатор саволҳоро ба миён овард ва кам касон бар ин боваранд, ки сабаби ин метавонад карантини маъмулӣ бошад, ки раҳбари Русия ба он ишора мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи бекор шудани сафари худ Владимир Путин ҳамагӣ чанде пештар аз нишастҳои СҲШ ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 15 сентябр дар Душанбе оғоз гардиданд, хабар дод.

Дар суҳбати телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ изҳор намуд, ки бинобар сабаби ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар атрофиёнаш ӯ бояд ба гӯшанишинӣ (самоизолятсия) гузарад.

Коршиносон ба ин далел шубҳа доранд.

Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигор, сиёсатшинос:

– Аз иштирок дар нишасти ҷашнии СҲШ даст кашидани Путин барои бисёриҳо ғайричашмдошт буд. Гузашта аз ин, Путин инро ҳамагӣ як рӯз пеш аз сафараш эълон кард.

Ман аслан ба фарзияи расмии марбут ба карантин бовар намекунам. То ҷое, ки огаҳам, Путин дар тобистон эм карда шуда буд ва ваксинаи русии “Спутник”-ро густарда таблиғ мекард, аз ин рӯ изҳороти президенти Русия то андозае ба таблиғи зидди ин ваксина табдил ёфт. Аммо дар асл, бекор шудани сафараш метавонад чанд сабаб дошта бошад.

Аввал, изҳорот баъди аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин бекор шудани иштирокаш дар нишастҳо садо дод, бинобар ин, метавон тахмин кард, ки президенти Русия тасмим гирифтааст, ки агар раҳбари Чин наояд, пас ӯ низ набояд ба Душанбе равад.

Сабаби дуюм ин аст, ки Чин ва Русия бо ҳаракати Толибон равобити хуб барқарор кардаанд, аз ин рӯ, Маскав ва Пекин ба мавқеи Душанбеи расмӣ, ки ошкоро ба ҳама гуна ҳамкорӣ бо Толибон мухолиф аст, ҳамсон нестанд.

Сабаби сеюм дар он ифода меёбад, ки дар ин нишаст аз як сӯ байни Чину Покистон ва аз сӯи дигар Ҳиндустону Тоҷикистон метавонист ихтилоф сар занад. Русия, ки қариб бо ҳама кишварҳо равобити хуб дорад, бояд мавқеи худро дақиқ муайян мекард. Эҳтимол, Путин тасмим гирифт, ки мавқеи интизориро ишғол кунад.

Амирӣ Замон, сиёсатшинос:

– Ба эҳтимоли зиёд, сабаб ин аст, ки Маскав ва Пекин дар бораи мавқеи умумӣ дар бораи Толибон ба мувофиқа нарасиданд. Аввалан, раҳбари Чин ва сипас Путин ҳам аз сафар ба Душанбе худдорӣ карданд ва ба ақидаи ман, ин комилан мантиқист, зеро муколамаи асосӣ бояд байни онҳо сурат мегирифт.

Ба назари ман, Пекин ва Маскав дар мавриди вазъи Афғонистон аз ҳамдигар хушнуд нестанд. Маскав ба ваъдаҳои Толибон шубҳа карда, аз ин рӯ, баръакс, мехоҳад муқовиматро дар Панҷшер тақвият диҳад, аммо чиниҳо инро намехоҳанд.

Чин дар навбати худ Толибонро комилан дастгирӣ мекунад. Барои Чин Толибон ҳамеша омили асосии бесуботӣ дар Афғонистон ва монеа дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Пекин дар ин кишвар дониста мешуданд.

Тибқи мантиқи онҳо, агар бо Толибон тавофуқ ҳосил шавад, ин омили бесуботӣ аз байн рафта, барои Пекин дар Афғонистон имкониятҳои нав боз мешаванд.

Онҳо инчунин умедворанд, ки Толибон аз ҷудоихоҳони уйғур халос мешаванд ва бо назардошти изҳороти Толибон, онҳо қоидаҳои бозии амалгароӣ (прагматикӣ)-ро қабул кардаанд. Толибон даъво доранд, ки Чин барои онҳо кишвари дӯст буда, уйғурҳо ҷудоихоҳанд.

Аз ин рӯ, Пекин ва Маскав аз роҳандозии ташкили як барномаи умумӣ канорагирӣ мекунанд ва бинобар ин, Пекин аз ширкати бевосита дар нишаст даст кашида, Маскав низ ҳамин тавр рафтор кард. Ҳоло ҳама бозии шахсии худро роҳандозӣ карданианд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.