Ташрифи сарони кишварҳои Ӯзбекистону Эрон ва сарвазири Покистон ба Душанбе

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва сарвазири Покистон Имрон Хон имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Онҳо дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон, ки пагоҳ, 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, иштирок мекунанд. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шавкат Мирзиёев, […]

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва сарвазири Покистон Имрон Хон имрӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Онҳо дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон, ки пагоҳ, 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, иштирок мекунанд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шавкат Мирзиёев, Сайид Иброҳим Раисӣ ва Имрон Хонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шаҳсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки 15 сентябр раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус – Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд ва боз ташрифи меҳмонони воломақоми дигар низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки пагоҳ, 17 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.