Путин ҳам ба Тоҷикистон намеояд. Чаро?

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бинобар ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар атрофиёнаш маҷбур шудааст, ки ба гӯшанишинӣ (изолятсия) равад. Ин ба он маъно аст, ки ӯ ба Душанбе намеояд ва тавассути видеоконфронс дар ҷаласаи СҲШ ва СПАД ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба дафтари матбуоти Кремл рӯзи сешанбе хабар медиҳад. Манбаъ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бинобар ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар атрофиёнаш маҷбур шудааст, ки ба гӯшанишинӣ (изолятсия) равад. Ин ба он маъно аст, ки ӯ ба Душанбе намеояд ва тавассути видеоконфронс дар ҷаласаи СҲШ ва СПАД ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба дафтари матбуоти Кремл рӯзи сешанбе хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Путин ин тасмимашро зимни суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон  гуфтааст.

– Владимир Путин гуфт, ки дар робита ба ҳолатҳои муайяншудаи коронавирус дар муҳити ӯ, вай бояд дар як муддати муайян режими гӯшанишинро риоя кунад", – гуфта мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ки бо дарназардошти ин, президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи якҷояи сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СААД ва СҲШ), ки қарор аст, ҳафтаи равон дар Душанбе баргузор шавад, дар шакли видеоконфронс ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо даъвати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар хабар гуфта мешуд, ки дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад.

– Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади нав дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард, – гуфта мешуд дар иттилоъ.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки сарвари давлати Чин Си Ҷинпин низ ба нишасти СҲШ дар Душанбе намеояд. Ӯ ҳам тариқи видеоконфронс дар ҷаласа ширкат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.