Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Бо даъвати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст ҷудогона “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад. Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади нав дар назар […]

Asia-Plus

Бо даъвати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст ҷудогона “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади нав дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.