Дабири кулли СААД бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас рӯзи 22 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Ӯ омодагии неруҳои ҳарбиро ба марҳилаи хотимавии машқҳои низомии СААД дар Тоҷикистон месанҷад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Ба гуфтаи ӯ, 19 октябр фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҷиҳати санҷиши […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас рӯзи 22 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ӯ омодагии неруҳои ҳарбиро ба марҳилаи хотимавии машқҳои низомии СААД дар Тоҷикистон месанҷад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 19 октябр фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҷиҳати санҷиши омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ба марҳилаи ниҳоии се тамрини низомии икшварҳои узви СААД, ки 18 октябр оғоз гардиданд, ба Тоҷикистон омад.

Тамринҳои низомии махсуси «Эшелон-2021», «Поиск-2021» ва машқи муштараки «Взаимодействие-2021» -и Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД аз 18 октябр дар машқгоҳҳои “Момирак” ва “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон, наздикии сарҳад бо Афғонистон оғоз гардида, то 23 октябр идома меёбанд.

Дар амалиёти муштарак дар доираи тамринҳо 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ширкат варзида, зиёда аз 500 адад техника аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон сафарбар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.