ВМКБ дар 20 рӯз нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кард

Нақшаи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 20 рӯз аз оғози маърака 52,1% иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии ВМКБ нақшаи даъватро 100% иҷро кард. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 41% ва Хатлон – 40% ба иҷро […]

Нақшаи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар зарфи 20 рӯз аз оғози маърака 52,1% иҷро шудааст. Комиссариати ҳарбии ВМКБ нақшаи даъватро 100% иҷро кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар вилояти Суғд 41% ва Хатлон – 40% ба иҷро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи тобеи марказ нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват ба артиш 70% ва дар шаҳри Душанбе – 79%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола аз 1 октябр то 30 ноябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ гузаронида мешавад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ҷойи он 1 моҳ аз ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд ва ба давлат маблағи муайян пардохт намоянд.

Ин хидмат дар ҳайати захираҳои сафарбарии даъватӣ ном дорад. Пас аз гузаштани он шаҳрванд аз адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод карда мешавад.

Ин хидматро ҳама гуна даъватшаванда гузашта метавонад, муҳимаш 25 ҳазору 200 сомонӣ (420 нишондиҳанда барои ҳисоб) пардохт кардан зарур аст.

Ҳамчунин тибқи қоидаҳои нав, хатмкардагони макотиби олӣ низ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Онҳо бояд як сол дар сафи артиш хидмат кунанд ё бо пардохти пул муддати 1 моҳ аз ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.