Лавров: Маскав мавзӯи ба расмият шинохтани Толибонро баррасӣ нахоҳад кард

Имрӯз, 20 октябр ҳайати Толибон (фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ба роҳбарии Абдусалом Ҳанафӣ дар нишасти Маскав дар робита ба Афғонистон ширкат мекунад. Абдусалом Ҳанафиро дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа, Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ вазири тиҷорат, Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисод ва Мавлавӣ Абдуррашид, шаҳрдори Кобул ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин нишаст ягон […]

Имрӯз, 20 октябр ҳайати Толибон (фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ба роҳбарии Абдусалом Ҳанафӣ дар нишасти Маскав дар робита ба Афғонистон ширкат мекунад.

Абдусалом Ҳанафиро дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа, Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ вазири тиҷорат, Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисод ва Мавлавӣ Абдуррашид, шаҳрдори Кобул ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ин нишаст ягон намоянда аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иштирок намекунад

Қарор аст имрӯз нишасте дар бораи Афғонистон дар мизбонии Маскав доир шавад.

Кишварҳо дар нишаст мавзӯъҳои ҳузури ДОИШ дар Афғонистон, ташкили ҳукумати фарогир ва таъаҳҳуди кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин ҳол Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, мавзӯи ба расмият шинохтани давлати муваққати Толибон аз тарафи Русия дар ин нишаст матраҳ намешавад ва Маскав ин мавзӯъро баррасӣ нахоҳад кард.

Вай афзудааст, ки Русия монанди дигар кишварҳои минтақа бо Толибон дар тамос аст, аммо масъалаи ба расмият шинохтани ин гурӯҳ матраҳ намешавад.

Сергей Лавров изҳор доштааст, ки Маскав аз Толибон мехоҳад то як давлати фарогирро аз ҳар лиҳоз дар Афғонистон ташкил диҳад.

Лавров дар ҳошияи нишасти клуби байнулмилалии "Валдай" 19 октябр ба хабарнигорон гуфт: :Мо онҳо (Толибон)-ро ташвиқ мекунем то таъаҳҳудҳои худ ҳангоми ба қудрат расидан, аз ҷумла эҷоди давлати фарогирро амалӣ кунанд”.

"Давлати ҷадид дар Афғонистон давлати на танҳо ба лиҳози қавмӣ, балки бар асоси эътиқодҳои сиёсӣ устувор бошад ва намояндагӣ аз тамоми ҳизбҳо дар кишвар кунад", – зикр кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки Русия қаблан дар бораи барқарор намудани “қолаби Маскав” оид ба масоили Афғонистон изҳори омодагӣ карда буд. Дар “қолаби Маскав” ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Чин, Покистон, Ҳиндустон, ИМА, Эрон, Русия ва намояндагони Афғонистон иштипрок мекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.