Utair парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут аз сар гирифт. Моҳи ноябр роҳандозии боз як хатсайр ба нақша гирифта шудааст. Дар торнамои ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ дода мешавад, ки парвоз бо ин хатсайр ҳоло танҳо ҳафтае 1 маротиба  анҷом дода мешавад: аз Сургут – рӯзҳои чоршанбе соати 19:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои панҷшанбе […]

Ширкати ҳавопаймоии Utair-и Русия парвозҳои доимиро бо хатсайри Сургут-Хуҷанд-Сургут аз сар гирифт. Моҳи ноябр роҳандозии боз як хатсайр ба нақша гирифта шудааст.

Дар торнамои ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ дода мешавад, ки парвоз бо ин хатсайр ҳоло танҳо ҳафтае 1 маротиба  анҷом дода мешавад: аз Сургут – рӯзҳои чоршанбе соати 19:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои панҷшанбе – соати 00:10.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз 1 ноябр ширкати ҳавопаймоӣ роҳандозии боз як хатсайри дигарро ба ин самт ба нақша гирифтааст: аз Сургут – рӯзҳои ҷумъа соати 20:00 ва аз Хуҷанд – рӯзҳои шанбе соати 01:10.

“Хатсайри мустақим ба Тоҷикистон барои сокинони минтақа лозим буда, аз ин рӯ, пас аз барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо мо парвозҳоро бо ин самт ба ҷадвал баргардонида, барои шароити мусоид фароҳам овардан ба мусофирон, шумори парвозҳор зиёд мекунем”, – шарҳ додааст ин тасмимро президенти «Utair — Пассажирские авиалинии» Олег Семёнов.

Пас аз барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ ва афзоиши шумори парвозҳо айни замон аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳри Русия сафар кардан имконпазир аст.

Ҳамчунин дар муқоиса бо моҳҳои пешин феълан арзиши билет ба хатсайрҳои ҳавоӣ ба таври назаррас поин рафт. Маълумоти муфассал доир ба хатсайрҳо ва арзиши билет ба онҳо дар ин маводи мо қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.