Вазорати тандурустӣ: “Дар кишвар эпидемияи “зардпарвин” нест”

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумоти гӯё дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодаро вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба вируси гепатити “А” (бемории Боткин, “зардпарвин” ё худ “зардча”) рад мекунад. Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки вазъияти эпидемиологӣ дар […]

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон маълумоти гӯё дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодаро вобаста ба гирифтории аҳолӣ ба вируси гепатити “А” (бемории Боткин, “зардпарвин” ё худ “зардча”) рад мекунад.

Сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар муътадил буда, ҳеҷ сабабе барои ташвишу нигаронӣ вуҷуд надорад.

Шикояти сокинони пойтахт ба идораи “Азия-Плюс” бобати доман паҳн кардани эпидемияи гепатити “А” дар шаҳр боис гардид, ки барои шарҳи ин масъала ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намоем.

Ба гуфтаи онҳо, гӯё дар беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон аллакай бисёр сироятёфтагон аз ин беморӣ бистарианд ва дар Регару дигар минтақаҳо ҳам ин беморӣ ба мушоҳида расидааст.

Аммо Ҷаъфаров изҳор намуд, ки гепатити “А” бемории мавсимӣ буда, ба он аз ҳама бештар кӯдакони синни аз 3 то 14-сола осебпазиранд.

“Ҳар сол ин беморӣ ҳасту он махфӣ нигоҳ дошта намешавад. Ҳамасола дар кӯдакони синни аз 3 то 14-сола хавфи гирифторӣ ба гепатити “А” вуҷуд дорад. Аз 8-12 ҳазор нафаре, ки ҳамасола ба ин бмеорӣ гирифтор мешаванд, зиёда аз 85-90%-аш ба кӯдакони синни то 14-сола рост меояд”, – иброз дошт вай.

Зимнан илова шуд, ки хуруҷи ин бемории вирусӣ дар кишвар ҳар се сол ба мушоҳида мерасад, вале имсол он нест.

Бемории  зардпарвини вирусии намуди “А” сирояти дорои хусусияти мавсимӣ буда, хурӯҷи он асосан ба фасли тобистону тирамоҳ рост меояд ва бақайдгирии ин беморӣ бисёртар дар байни гурӯҳҳои осебпазир (кӯдакони синни томактабию мактабӣ)  мушоҳида карда  мешавад.

Сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ агар аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар дар риоя нагардидани  гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.