Гумонбарии сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда ба порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мансабдори баландпояро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд. Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сайдамири Файзиддин боздошт шудааст. Гуфта […]

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мансабдори баландпояро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.

Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сайдамири Файзиддин боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, Сайдамир Файзиддин бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сухтан доранд» маблағи 23 ҳазор сомониро талаб намудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш, дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд”, – омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати Сайдамири Файзиддин бо моддаи 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

Дар ин модда ҷазои то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.