Муҳаққиқ: “Барои Толибон ҷои хиҷолату нанг аст, ки 8 кӯдак аз гуруснагӣ дар Кобул ҷон бохт”

Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири раисҷумҳури пешини Афғонистон дар сафҳаи Фейсбукии худ аз ҷон бохтани ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дар ғарби Кобул хабар дода, гуфтааст, "барои гурӯҳе, ки худро ҳоким ва ҳукумат медонанд ҷои хиҷолат ва нанг аст". "Вафоти 8 кӯдак аз фарти гуруснагӣ дар ғарби Кобул дар пойтахти Афғонистон дар сояи салтаи касоне, ки ҳокимияташонро […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Муҳаммади Муҳаққиқ, мушовири раисҷумҳури пешини Афғонистон дар сафҳаи Фейсбукии худ аз ҷон бохтани ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дар ғарби Кобул хабар дода, гуфтааст, "барои гурӯҳе, ки худро ҳоким ва ҳукумат медонанд ҷои хиҷолат ва нанг аст".

"Вафоти 8 кӯдак аз фарти гуруснагӣ дар ғарби Кобул дар пойтахти Афғонистон дар сояи салтаи касоне, ки ҳокимияташонро исломӣ медонанд, басе ҷои хиҷолат ва нанг аст".- гуфтааст Муҳаққиқ.

Муҳаққиқ дар идома навиштааст, ҳодисае, ки бояд дунёро такон медод, вале аз ин ки вафотёфтагон шиъа ва аз ҷомеаи ҳазора дар минтақаи ҳазоранишин аст, на танҳо дунёро такон надод, балки ҳокимони феълии Кобулро, ки вазифаашон таъмини маишат ва амнияти он мардум аст, ҳам ба таҳрик ва ҳам аксуламал водор накард.

Вай ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан кишварҳои исломӣ ва масъулони кумакрасони байнулмилалӣ ҳушдор додааст, ки "мардуми Афғонистонро, ки ба асари бетадбирӣ ва зулму ситами ҳокимони ҷадид 90 дарсадашон зери хати фақр рафтаанд, ба таври мустақим кӯмак кунанд ва нагузоранд, ки фақру гуруснагӣ мардумро дучори фоҷиаи инсонӣ кунанд".

"Ҳокимияти Толибон на танҳо дар фикри таъмини кор ва амният барои мардум нестанд, балки худашон кор ва амниятро аз мардум гирифтаанд ва коркунони онҳою ғизои шабонарӯзии худро болои мардуми бечора ва гурусна ҳавола мекунанд",- навиштааст Муҳаммади Муҳаққиқ.

Ёдовар мешавем, ки Созмони миллал аз эҳтимоли фоҷиаи инсонӣ дар Афғонистон хабар дода буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.