33 тонна кумаки башардӯстонаи СММ ба Кобул расид

Ҳавопаймои Раёсати умури паноҳандагони СММ (UNHCR) бо кумаки башардӯстона ба Кобул фуруд омад, хабар дода мешавад дар торнамои Созмон. Ҳавопаймо соати 15:30 бо вақти маҳаллӣ бо 33 тонна маҷмӯи чизҳои гарм барои афғонҳои ба дигар ҷойҳо кӯчида ба Кобул фуруд омад. "Ҳавопаймои аввал ба муҳоҷирони маҷбурӣ дар дохили кишвар 33 тонна маҷмӯи чизу лавозимот, аз […]

Ҳавопаймои Раёсати умури паноҳандагони СММ (UNHCR) бо кумаки башардӯстона ба Кобул фуруд омад, хабар дода мешавад дар торнамои Созмон.

Ҳавопаймо соати 15:30 бо вақти маҳаллӣ бо 33 тонна маҷмӯи чизҳои гарм барои афғонҳои ба дигар ҷойҳо кӯчида ба Кобул фуруд омад.

"Ҳавопаймои аввал ба муҳоҷирони маҷбурӣ дар дохили кишвар 33 тонна маҷмӯи чизу лавозимот, аз ҷумла фарш, оташдон, бухорӣ ва ғайра , ки барои гарм кардани хонаҳояшон дар фасли зимистон пешбинӣ шудааст", – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин аввалин парвози ҳавопаймоҳо бо кумаки башардӯстона буда, боз чунин ду парвози дигар рӯзҳои 4 ва 7 ноябр сурат мегиранд.

“Барои расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ҷиҳати қонеъ сохтани талаботи дар ҳоли афзоиш қарордошта мо аз роҳҳои заминиву баҳрӣ ва ҳавоӣ, инчунин кишварҳои дигари минтақа истифода мекунем. Ғайр аз ин, захираҳои кумаки башардӯстона дар Тирмиз (Ӯзбекистон)  ҷойгир шуда, дар сурати зарурат бо авитомашинащои боркаш ба Афғонистон интиқол дода мешаванд”, – изҳор доштаанд дар СММ.

Қаблан The Wall Street Journal, The Washington Post ва Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буданд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар нимаи моҳи август, амалиёт бо тамоми захираҳои пулии Бонки марказии Афғонистон дар хориҷа қатъ шуд, то ки дастрасии толибон ба ин маблағҳо ғайриимкон гардад.

Ғайр аз ин, дар Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО)-и назди СММ ба он ишора карда буданд, ки бар асари хушксоли ва камҳосилии имсола зиёда аз 14 млн нафар афғонҳо ба камбуди шадиди маводи ғизоӣ дучор гардида, таъҷилан ба кумаки башардӯстона ниёз доранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.