“Бино аз байн рафт”. Бонки миллӣ далели иваз кардани “Қасри президент”- ро дар 100 сомонӣ шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон фарқи пулҳои қоғазии нашри соли 2021 ва сабаби ҷой додани акси “Кохи Навруз” дар пули арзишаш 100  сомониро шарҳ дод. Ин бонк дар посух ба дархости "Азия-Плюс" далели ин корро муаррифии Тоҷикистони кунунӣ ба ҷаҳон унвон кардааст. Бонки миллӣ таъкид мекунад, он иншооту биноҳое, ки дар пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50, 200 ва 500 […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон фарқи пулҳои қоғазии нашри соли 2021 ва сабаби ҷой додани акси “Кохи Навруз” дар пули арзишаш 100  сомониро шарҳ дод. Ин бонк дар посух ба дархости "Азия-Плюс" далели ин корро муаррифии Тоҷикистони кунунӣ ба ҷаҳон унвон кардааст.

Бонки миллӣ таъкид мекунад, он иншооту биноҳое, ки дар пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50, 200 ва 500 сомонии нашри солҳои қаблӣ инъикос гардидаанд, то ҳол побарҷостанд ва аз ин рӯ ба тарҳи ин пулҳо тағйирот ворид карда нашудааст.

“Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии Тоҷикистони муосир ба ҷаҳониён ва бинобар аз байн рафтани бинои куҳнаи “Қасри Президент” қарор қабул намуд, ки дар пули такмилшудаи нави 100 сомонӣ тасвири бинои “Қасри Президент”-ро ба тасвири Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Кохи Наврӯз” иваз намояд”, – гуфта мешавад дар ҷавоби расмии Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс”.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамаи пулҳои дар соли 2021 нашршуда, бо усули рангрезии чорқабатаи махсус омода карда шудаанд.

“Коғази пул барои арзишҳои 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ аз омехтаи нахи пахта (қабати дарунии пул) ва маҳлули махсуси полиэтиленӣ (қабати берунии пул) омода карда шудааст. Коғази пул барои арзишҳои 200 ва 500 сомонӣ 100 фоиз аз нахи пахта омода шудааст. Тарзи чопи пулҳо металлографӣ, офсетӣ ва барҷаста мебошад”, – омадааст дар мактуб.

Пулҳои соли барориши 2021 бо имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода вориди муомилот шудаанд, – таъкид кардааст Бонки миллӣ.

Ёдовар мешавем, 18-уми ноябри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон аз интишор ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи нави соли 2021 хабар дода буд. Бар асоси тағйироте, ки дар аксҳои пулҳои коғазии намунаи нав дида мешавад, танҳо дар номинали 100-сомонӣ ба ҷойи бинои пештараи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи "Қасри президент" маъруф буд, бинои "Кохи Наврӯз" ҷой дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.