Зодагони ВМКБ дар Маскав: “Барои иҷро шудани талаботамон то охир пойфишорӣ мекунем”

Намояндагони тазоҳургарон дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав талаботи худро ба мақомот пешниҳод намуданд: онҳо изҳор доштанд, ки то иҷро шудани талаботашон, ба гирдиҳам омадан идома медиҳанд. Яке аз намояндагон ҷамъияти аҳолии ВМКБ дар Маскав Ораз Вазирбеков, ки рӯзи 25 ноябр дар Маскав бо сафири Тоҷикистон мулоқот кардааст, дар муроҷиати видеоӣ бобати талабҳояшон изҳори […]

Намояндагони тазоҳургарон дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав талаботи худро ба мақомот пешниҳод намуданд: онҳо изҳор доштанд, ки то иҷро шудани талаботашон, ба гирдиҳам омадан идома медиҳанд.

Яке аз намояндагон ҷамъияти аҳолии ВМКБ дар Маскав Ораз Вазирбеков, ки рӯзи 25 ноябр дар Маскав бо сафири Тоҷикистон мулоқот кардааст, дар муроҷиати видеоӣ бобати талабҳояшон изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин вохӯрӣ пешакӣ буда, “маънои онро надорад, ки бо ҳамин кор ба охир расид”.

“Аз ҷараёни вазъият дар Помир изҳори норизоӣ кардем. Гулбиддин Зиёбековро дидаву дониста куштанд. Мо вақт додем, ки одамони дар ин кор иштироккарда боздошт ва ба ҳабс гирифта шаванд. Талаби дуюми мо ин аст, ки постгоҳҳои назоратӣ (блокпостҳо) дар Хоруғ аз байн бардошта шаванд. Дар ин ҷо будани онҳо зарурат надорад. Талаби сеюми мо – барқарор намудани алоқа ва дигар ҳеҷ гоҳ қатъ накардани он аст. Акнун ҳар вақте ки алоқа бо вилоят қатъ шавад, мо ҳамин шумор назди сафорат ҷамъ меоем”, – зикр мекунад Вазирбеков.

Ҳамчунин ба қавли нмобурда, пагоҳ низ ба сафир талаби иловагии хаттӣ супурда мешавад.

Вазирбеков мегӯяд, сафир ваъда додааст, ки талабҳои онҳоро ба ҳукумати кишвар мерасонад.

Ӯ ҳамчунин ба мақомоти Русия барои имкон додан ба гирдиҳамоӣ ва рафтори хуб доштан бо онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.

“Посухи онҳоро интизор мешавем, лекин як чизро гуфтанием, ки иҷрои ваъдаҳоро як ё ду моҳ мунтазир шуданӣ нестем. Ҳоло ба саволҳои худ посух нагирифтаем, лекин мепурсем. Дигар ин тавр намешавад”, – гуфт Вазирбеков.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки дар дигар кишварҳо низ, аз ҷумла ИМА ва Аврупо низ баргузории гирдиҳамоиҳо дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.