Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостори тафтишоти қатъии ҳаводиси Хоруғ шуданд

Муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вобаста ҳаводиси ВМКБ ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз расонаӣ шуд. Дар муроҷиатнома муроҷиаткунандагон навиштаанд, ки аз фавти 3 нафар шаҳрванди мулкӣ ва захмӣ шудани зиёда аз 16 нафар изҳори нигаронӣ мекунанд.  Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти кишвар даъват кардаанд, ки дар ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд ва барои ҳалли мусолиматомези низоъ ва […]

Муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон вобаста ҳаводиси ВМКБ ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз расонаӣ шуд.

Дар муроҷиатнома муроҷиаткунандагон навиштаанд, ки аз фавти 3 нафар шаҳрванди мулкӣ ва захмӣ шудани зиёда аз 16 нафар изҳори нигаронӣ мекунанд. 

Намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти кишвар даъват кардаанд, ки дар ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд ва барои ҳалли мусолиматомези низоъ ва пешгирии нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳанд.

"Мо аз таъсиси гурӯҳи махсуси корӣ бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳқиқи марги Зиёбеков Гулбидин ва дигарон, инчунин кафолати тафтишоти ошкоро истиқбол мекунем" – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар идома намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд:

1. Истифодаи қувва ва яроқи оташфишон муқобили аҳолии шаҳри Хоруғ ва дар умум ВМКБ фавран қатъ карда шавад. 

2. Вобаста ба ҳолатҳои фавти шаҳрвандӣ ва захмгириҳо, аз ҷумла, дар боби асоснокӣ ва зарурати истифодаи қувваю яроқи оташфишон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25-уми ноябри соли 2021 ҳангоми боздошти Зиёбеков ва дар давраи гирдиҳамоиҳои 25-27-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ тафтишоти саривақтиву самараноки ҳамаҷониба гузаронида шавад.

3. Шахсони гунаҳгор дар фавти сокинони мулкӣ дар шаҳри Хоруғ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. 

4. Оид ба ҷараёни тафтишоти гузаронида ва чораҳои андешидашуда аҳолӣ саривақт огоҳ карда шавад.  

Зери муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ 9 ташкилоти ҷамъиятӣ имзо гузоштаанд: "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", "Дунёи ҳуқуқ", "Ташаббуси ҳуқуқӣ", "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон", "Нотабене", "Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ", "Маркази ҳуқуқи инсон", "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир".

Ёдовар мешавем, ки эътироз дар Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр баъди фавти як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеов шурӯъ шуда то имрӯз идома дошт. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, Зиёбеков ҳангоми боздошт дар хонааш аз туфангчаи "Макаров" ба кормандони мақомот тир кушод ва ҳангоми тири ҷавобӣ захмӣ гашт. Бархилофи хабари расмӣ, шоҳидон мегӯянд, Зиёбеков қасдан кушта шудааст.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Ба гуфтаи сокинон, сабаби ҷанҷоли Зиёбеков бо ёвари прокурор, хоҳиши муомиомилаи маҳрамонаи дуюмӣ бо яке аз наздикони ӯ аст.

Имрӯз, 28-уми ноябр, намояндаи тазоҳуротгарон ва ҳокимияти вилоят бори чорум сари музокирот нишастанд. Мувофиқи иттилои манбаъҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва тазоҳуроткунандагон пароканда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.