Амрико рӯйхати таҳти таҳрими сарони ҳукумати толибонро нашр кард

Дафтари сарбозраси вижаи Амрико барои Афғонистон (SIGAR) номи раҳбарон ва аъзои кобинаи ҳукумати сарпарасти Толибонро, ки дар рӯйхати таҳримҳои ИМА қарор доранд нашр кардааст. Ба гузориши нашрияи “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон дар садри ин гузориш номи Мулло Ҳасан Охунд нахуствазир ё раисулвузарои ҳукумати толибон қарор дорад. Ба дунболи нахуствазир ду муовини ӯ – Мулло Ғанӣ Бародар […]

Asia-Plus

Дафтари сарбозраси вижаи Амрико барои Афғонистон (SIGAR) номи раҳбарон ва аъзои кобинаи ҳукумати сарпарасти Толибонро, ки дар рӯйхати таҳримҳои ИМА қарор доранд нашр кардааст.

Ба гузориши нашрияи “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон дар садри ин гузориш номи Мулло Ҳасан Охунд нахуствазир ё раисулвузарои ҳукумати толибон қарор дорад.

Ба дунболи нахуствазир ду муовини ӯ – Мулло Ғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ низ дар рӯйхати таҳримҳои ИМА қарор доштаанд.

Дафтари сарбозраси ИМА барои Афғонистон гуфтааст, ки ин афрод барои амалҳои ҷинояткорона таҳти таҳрими Амрико қарор гирифтаанд.

Вазири хориҷаи ҳукумати толибон Амирхони Муттақӣ, ки ҳоло дар Давҳаи Қатар бо сафири вижаи ИМА барои сулҳи Афғонистон Тумос Васт дар мавриди ояндаи равобити кишварҳояшон музокира мекунанд, низ таҳти таҳримҳои Амрико қарор доштааст.

Ҳамчунин дар ин рӯйхати таҳримҳо Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахсутвазири толибон, Муҳаммадфозил Мазлум муовини вазорати дифоъ, Нуруддин Туробӣ, сарпарасти идораи зиндонҳо, Сироҷиддин Ҳаққонӣ вазири корҳои дохилии толибон низ шомил шудаанд.

SIGAR ҳамчунин гуфтааст, ки Муҳаммад Иброҳим Садр, муовини амниятии вазири дохилаи толибон, Абдулҳақ Восиқ сарпарасти Идораи истихбороти ҳукумати толибон низ таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд.

То кунун вокуниши толибон ба ин рӯйхати Сарбозраси вижаи ИМА барои Афғонистон маълум нест, аммо чанде пештар толибон нисбат ба қарор додани номи мақомоти ин гурӯҳ дар рӯйхати сиёҳи Амрико ҳушдор дода буданд.

Толибон дар як баёния эълон карда буданд, ки мавқеи ахири Пентагон, ки бархе аз аъзои кобинаи аморати исломӣ бо аъзои хонаводаи шабакаи Ҳаққонӣ дар листи симёҳи Амрико қарор доранд, нақзи ошкорои  тавофуқномаи Давҳа буда, ки на ба нафъи ИМА асту на ба фоидаи Афғонистон.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.