Манбаъ: Ба Азиза Давлатова дар “қазияи Мадина” 15 соли зиндон таҳдид мекунад

Пас аз марги Мадина Мамадҷонова, ки Давлатова дар ин кор даст дорад, моддаи ҳозира ба моддаи одамкушӣ иваз шуда метавонад. Дар робита ба ҳолати нав, яъне марги Мадина Мамадҷонова, ба гумони ғолиб, парвандаи Азиза Давлатова дубора ба тафтишот баргардонида мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба тафтишоти парвандаи мазкур. Ба гуфтаи ӯ, қаблан […]

Пас аз марги Мадина Мамадҷонова, ки Давлатова дар ин кор даст дорад, моддаи ҳозира ба моддаи одамкушӣ иваз шуда метавонад.

Дар робита ба ҳолати нав, яъне марги Мадина Мамадҷонова, ба гумони ғолиб, парвандаи Азиза Давлатова дубора ба тафтишот баргардонида мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба тафтишоти парвандаи мазкур.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан ӯ мутобиқи моддаи “Суиқасд ба одамкушӣ” айбдор карда мешуд, зеро он вақт ҷабрдида зинда буд.

“Акнун мақомоти судӣ бояд парвандаро дубора мавриди тафтиш қарор диҳанд. Бо назардошти натиҷаҳои ташхис, эҳтимол моддаи пешина ба моддаи “Одамкушӣ” (моддаи 104, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) иваз шавад. Дар ин модда ба муҳлати аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки интизор меравад, суд ҷазои ҳадди ниҳоӣ – 15 соли маҳрумият аз озодиро таъин кунад.

Мадина Мамадҷонова баъди сеюним моҳи беҳушӣ, асри 15-уми декабр дар беморхонаи шаҳраки Шифобахш, мавсум ба "Қарияи Боло" аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ имрӯз дар оромгоҳи Сариосёи Душанбе ба хок супурда мешавад.

Рӯзи сешанбе, 14 декабр додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз гумонбарони қазияи “парвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бар асоси татбиқи Қонуни афви моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд.

Ӯ бо се моддаи Кодекси ҷонятии ҶТ – "азобу уқубат", "бисёрзанӣ", "расонидан ба худкушӣ" маҳкум шуд. Қаблан прокуратура хабар дода буд, ки моддаҳои аввалу охир ба ҳамсараш дахл доранд, яъне ҳамсарашро азобу уқубат медод, на Мадинаро. Моддаи “бисёрзанӣ” бошад, бевосита ба Мадина Мамадҷонова дахл дорад.

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Охири моҳи октябр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд.

Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.