Сафорат: “тоҷики боррасони захмишудаи “Яндекс.Еда” дар шуъбаи эҳёст”

Марди боррасон (курер)-е, ки дар Маскав бо корд захмӣ шуд, дарвоқеъ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия. “Мутаассифона, боррасон шаҳрванди Тоҷикистон – Хайрандеш Худойназаров мебошад. Ҳозир мо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дода наметавонем, чунки тафтишот ҷараён дорад. Ӯдар шуъбаи […]

Марди боррасон (курер)-е, ки дар Маскав бо корд захмӣ шуд, дарвоқеъ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буда, айни замон дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

“Мутаассифона, боррасон шаҳрванди Тоҷикистон – Хайрандеш Худойназаров мебошад. Ҳозир мо ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ дода наметавонем, чунки тафтишот ҷараён дорад. Ӯдар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии шаҳр бистарист”, – иброз доштанд дар намояндагии дипломатӣ.

Инчунин зикр шуд, ки дар мавриди ин ҳодиса сафорат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва табибони беморхона мудом дар тамос аст. “Сафорат ҷараёни тафтиши парвандаро пайгирӣ хоҳад намуд, то ки он мунсифона ва дақиқ гузаронида шавад”, – илова карданд дар сафорат.

Рӯзи 14 декабр дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре ба гардани боррасони “Яндекс.Еда” бо корд зарба зад. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Гумонбар ба суиқасди куштор сокини 40-солаи вилояти Кемерово боздошт шуда,  муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.