Дар Маскав як марди боррасони «Яндекс.Еда»-ро бо корд захмӣ кардаанд, ки гуфта мешавад аз Тоҷикистон аст

Дар истгоҳи автобуси «Рязанский проспект»-и шаҳри Маскав дирӯз, 14 декабр як роҳгузар ба гардани боррасон (курер)-и «Яндекс.Еда» бо корд зарба зад. Боррасон дар истгоҳ автобусро мунтазир будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид ба «Комсомольская правда» гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти […]

Дар истгоҳи автобуси «Рязанский проспект»-и шаҳри Маскав дирӯз, 14 декабр як роҳгузар ба гардани боррасон (курер)-и «Яндекс.Еда» бо корд зарба зад.

Боррасон дар истгоҳ автобусро мунтазир будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид ба «Комсомольская правда» гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Пас аз ин ӯ аз кисааш корд бароварда, ба гардани боррасон зарба задааст. Раҳгузарон мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.

Тибқи маълумоти Lenta.Ru, ҷабрдида – ҷавони 20-сола, зодаи Тоҷикистон хуни зиёде аз даст дода, айни замон дар бемористон қарор дорад ҳолаташ сатҳи миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ҳозир ҷабрдида, боррасони 20-сола дар бемористон буда, вазъи ӯро табибон вазнин баҳо медиҳанд”, – хабар додааст як манбаъ дар хадамоти ёрии таъҷилӣ.

Гумонбар ба суиқасди куштор ба бозпурсӣ оварда шудааст. Ин шахс сокини 40-солаи вилояти Кемерово мебошад. Муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.