“Тасвирҳои ғайришаръӣ”: Толибон акси занону духтаронро аз дару девори ороишгоҳҳову либосфурӯшиҳо мекананд

Шаҳрдории толибон дар Кобул дар ҳама 22 ноҳияи шаҳри Кобул тамоми аксҳои занону духтаронро аз дару девори ороишгоҳҳо, мағозаҳо ва ресторану овезаҳои таблиғотӣ  канда ва поксозӣ мекунад. Толибон гуфтаанд, ки ин аксҳо мухолифи шариати исломиянд.  Неъматулло Борикзай, сухангӯйи шаҳрдории Кобул ба шабакаи “Тулуънеюс” гуфтааст, ки ин корро онҳо бар асоси ҳидояти кобинаи ҳукумати Толибон мекунанд. “Тамоми […]

Шаҳрдории толибон дар Кобул дар ҳама 22 ноҳияи шаҳри Кобул тамоми аксҳои занону духтаронро аз дару девори ороишгоҳҳо, мағозаҳо ва ресторану овезаҳои таблиғотӣ  канда ва поксозӣ мекунад. Толибон гуфтаанд, ки ин аксҳо мухолифи шариати исломиянд. 

Неъматулло Борикзай, сухангӯйи шаҳрдории Кобул ба шабакаи “Тулуънеюс” гуфтааст, ки ин корро онҳо бар асоси ҳидояти кобинаи ҳукумати Толибон мекунанд.

“Тамоми тасовири ғайришаръӣ, ки дар дару деворҳо, баннерҳо ва ҷойҳои дигаре, ки вуҷуд доранд, бояд аз байн бурда шаванд”, – гуфтааст Борикзай.

Шоиста Сафӣ, яке занҳоеи Кобул, ки зиндагии хонаводаии 10-нафарияшро аз ҳисоби кор дар ороишгоҳ таъмин мекунад гуфтааст, чанд рӯз пеш намояндаи толибон омада гуфтанд, ки ин аксҳоро биканед, аммо худашон ранг (спрей) доштанд, ки аксҳоро сиёҳ карданду рафтанд.

«Ин иқдоми ҳукумат маҳдудият бар кори занон аст. Мо ҳарос дорем, ки фардо биёянд ва дӯконро ҳам қуфл кунанд», – гуфтааст Шоиста.

Баъзе аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон поксозии ин аксҳоро маҳдудиятҳои нав дар фаъолиятҳои занон дар ҷомеа унвон кардаанд ва аз ин амалкарди толибон интиқод мекунанд.

Ин дастури тозаи толибон дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ  ин гурӯҳро ба нақзи густардаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон муттаҳам мекунанд, аммо сарони ҳукумати сарпарасти толибон борҳо гуфтаанд, ки ба ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯбаи ислом пойбанданд.

Шаҳрдории Кобул гуфтааст, ки “аз диди аморати исломӣ, вуҷуди тасвирҳои бонувон дар маҳзари ом мухолиф бо усули исломӣ аст”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.