Вазорати хориҷа: тоҷикон бо шиносномаи дохилӣ метавонанд дар Туркия 90 рӯз ҳузур дошта бошанд

Ин муҳлати реҷаи бидуни раводид (виза) байни Туркия ва Тоҷикистон аз соли 2014 амал мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Сарраёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон маълумоти нодуруст мавҷуд аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо  шиносномаи шаҳрвандӣ метавонанд дар Туркия то 30 рӯз иқомат кунанд. Дар […]

Ин муҳлати реҷаи бидуни раводид (виза) байни Туркия ва Тоҷикистон аз соли 2014 амал мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Сарраёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон маълумоти нодуруст мавҷуд аст, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо  шиносномаи шаҳрвандӣ метавонанд дар Туркия то 30 рӯз иқомат кунанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ин иштибоҳро ислоҳ мекунанд.

Қаблан хабаргузории Yeni safak-и Туркия бо истинод ба вазири саноат ва технологияҳои ин кишваря Мустафо Варанк хабар дода буд, ки Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад. Аз ин рӯ, вобаста ба ин масъала корбарони “Азия-Плюс” бо саволҳо муроҷиат намуданд.

Зикр гардида буд, ки айни замон бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар он ҷо танҳо 30 рӯз ҳузур доштан мумкин аст.

Айни замон Тоҷикистон танҳо бо панҷ давлат – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ реҷаи бемуҳлати раводид дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.