Туркия маҳдудиятҳоро дар реҷаи раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад

Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад, хабар дод вазири саноат ва технологияҳои ин кишвар Мустафо Варанк дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои кории ду кишвар рӯзи 16 декабр дар шаҳри Коня. Ин иқдомро ӯ “рушди робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тавассути густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад, хабар дод вазири саноат ва технологияҳои ин кишвар Мустафо Варанк дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои кории ду кишвар рӯзи 16 декабр дар шаҳри Коня.

Ин иқдомро ӯ “рушди робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тавассути густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва рушди сайёҳӣ” маънидод кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории туркии Yeni safak.

Вазири саноати Туркия изҳори умедворӣ намудааст, ки бо ҷорӣ шудани реҷаи номаҳдуди раводид ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба байни кишварҳо “аз ҳисоби иқдомҳои мусбати мутақобила дар соҳаи андозбандӣ ва логистика” то 1 млрд доллар зиёд мешавад.

Ӯ илова кардааст, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол 326 млн долларро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон, ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид бо шиносномаи умумидавлатии хориҷӣ 30 рӯз, шиносномаи хидматӣ – то 60 рӯз ва шиносномаи дпломатӣ – то 90 рӯз дар қаламрави Туркия ҳузур дошта метавонанд.

Айни замон Тоҷикистон танҳо бо панҷ давлат – Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ реҷаи бемуҳлати раводид дорад.

Реҷаи бе раводид чист?

Ин реҷаи муносибатҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва кишвари муайяне мебошад, ки мувофиқи он, ба шаҳрвандони ин кишвар барои ворид шудан ба кишвари мо раводид талаб намешавад ва баръакс, ба шаҳрвандон кишвари мо барои ба ин кишвар рафтан раводид лозим нест.

Реҷаи бидуни раводид метавонад ҳам ба таври якҷониба ва ҳам ба таври мутақобила (бо созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба) муқаррар карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, барои баъзе навъи шиносномаҳо маҳдудият вуҷуд дорад. Масалан, барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ реҷаи бераводид амал карда, барои дорандагони дигар навъи шиносномаҳо раводид ҳатмӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.