Вазири нақлиёт барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон телефони боварӣ кушод

Акнун тоҷикистониён бо арзу шикоят ё пешниҳодҳои худ метавонанд бевосита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон  телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушод. “Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии  221-17-13 ва почтаи электронии: [email protected] ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, – […]

Акнун тоҷикистониён бо арзу шикоят ё пешниҳодҳои худ метавонанд бевосита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон барои қабули арзу шикояти шаҳрвандон  телефони боварӣ ва почтаи электронӣ кушод.

“Шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии  221-17-13 ва почтаи электронии: [email protected] ба вазири нақлиёт муроҷиат намоянд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорати нақлиёт.

Хабарнигори “Азия-Плюс” ба ин телефон занг зад, то ки бовар ҳосил кунад, ки он кор мекунад ё не. Гӯширо ҷавонзане бардошта,бипурсид: “Гӯш мекунем, ба вазири нақлиёт чӣ арзу шикоят ё пешниҳоде доред?”.

Хабарнигор аз сифати хидматрасонӣ дар нақлиёти пойтахт шикоят кард ва зан чунин посух дод: “Мо дар бораи сифати кори нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят қабул намекунем, бо ин масъала шумо метавонед ба шаҳрдорӣӣ бо рақами телефони 221-53-24 муроҷиат кунед”.

Рӯзноманигор пурсид, ки пас онҳо чӣ гуна арзу шикоятҳоро қабул мекунанд.

“Мо арзу шикоятҳои марбут ба сифати роҳҳои кишварро баррасӣ мекунем. Шаҳрвандон метавонанд ба мо хабар диҳанд, ки кадом роҳҳо ба таъмиру кадом ба асфалтпӯш кардан эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд ба мо дар бораи фаромадани тарма ё дигар ҳодисаҳо дар роҳҳо, ки ба баста шудани ҳаракати нақлиёт боис шуданд, хабар диҳанд”, – гуфтанд тариқи ин телефон.

Ҳамчунин зикр шуд, ки пас аз қабули маълуомт дар бораи баста шудани роҳҳо, вазорат ба он ҷо барои рафъи мушкилот гурӯҳи фавриро сафарбар мекунад.

“Баъди чанде мо бо шаҳрвандон дар тамос шуда, таваҷҷуҳ мекунем, ки оё мушкилот бартараф шуд ё не”, – изҳор доштанд дар Вазорати нақлиёт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.