Даргирӣ миёни марзбонҳои толибону Туркманистон

Расонаҳо аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Толибон ва низомиёни Туркманистон дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар медиҳанд.  Ҳилол Балхӣ, сарпарасти Раёсати иттилоъот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, рӯзи душанбе ба рӯзномаи "8 субҳ" гуфтааст, ки нерӯҳои марзии Туркманистон се рӯз пеш як фаъоли мулкиро кушта ва як марди мулкии дигарро лату кӯб карда […]

Расонаҳо аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Толибон ва низомиёни Туркманистон дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар медиҳанд. 

Ҳилол Балхӣ, сарпарасти Раёсати иттилоъот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, рӯзи душанбе ба рӯзномаи "8 субҳ" гуфтааст, ки нерӯҳои марзии Туркманистон се рӯз пеш як фаъоли мулкиро кушта ва як марди мулкии дигарро лату кӯб карда буданд.

Ба гуфтаи вай, "замоне ки нерӯҳои Толибон барои баррасии вазъи амниятӣ ба хаттӣ марзи вулусволии Хамоб рафта буданд бо вокуниши низомии нерӯҳои марзии Туркманистон рӯ ба рӯ шудаанд".  

Балхӣ афзудааст, ки нерӯҳои Толибон дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои марзии Туркманистон, даст ба тирпарронии мутақобил задаанд. 

Ҳанӯз ҷузъиёти ин ҳодиса рӯшан нест ва талафоти боқимонда аз ин рӯйдод гузориш нашудааст. 

Дар давоми як моҳи ахир Туркманистон сеюмин кишвари ҳамсоя аст, ки нерӯҳои Толибон бо он задухӯрди низомӣ мекунанд. Пеш аз ин нерӯҳои Толибон бо низомиёни марзбонии Эрон ва Покистон даргир шуда буданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.