Раиси ноҳияи Лахш ихроҷ кардани 47 шаҳрванди Қирғизистонро аз Тоҷикистон тасдиқ кард

Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ)-и Тоҷикистон ихроҷ шудани  47 қирғизи бумии Тоҷикистонро, ки қаблан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашида, шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтаанд, таъйид кард. Ин шаҳрвандони акнун Қирғизистон, пас аз даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахши ҳаммарз бо Қирғизистон  муваққатан зиндагӣ мекарданд. Баротзода ба «Азия-Плюс» гуфт,  аз ҷузъиёти ихроҷи онҳо огоҳ […]

Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ)-и Тоҷикистон ихроҷ шудани  47 қирғизи бумии Тоҷикистонро, ки қаблан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашида, шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтаанд, таъйид кард.

Ин шаҳрвандони акнун Қирғизистон, пас аз даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахши ҳаммарз бо Қирғизистон  муваққатан зиндагӣ мекарданд.

Баротзода ба «Азия-Плюс» гуфт,  аз ҷузъиёти ихроҷи онҳо огоҳ нест, аммо “шояд сабаби ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон ин вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бошад”.

Хабари ихроҷи ин 47 нафарро расонаҳои қирғизӣ нашр карда, навиштаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ин шаҳрвандонро бидуни огоҳӣ ихроҷ кардаанд.

Вале сомонаи хабарии knews.kg хабар медиҳад, ки рӯзи 2 январ намояндагони мақомоти ноҳияи Лахш дар маркази ноҳия ин 47 нафарро барои як мулоқот ҷамъ мекунанд ва ваъда доданд, ки аз ҳадафи мулоқот дар худи ҳамон ҷо хабар медиҳанд. Ба навиштаи ин сомона дар ҷаласа кормандони сохторҳои қудратӣ, хадамоти муҳоҷират ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба навиштаи ин пойгоҳ,  «сипас 47 қирғизро ба микроавтобусҳо савор карда, ба гузаргоҳи Қарамиқ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бурданд, то ба қаламрави Қирғизистон фиристода шаванд. Пойгоҳ иддао кардааст, ки нафарони ихроҷшуда аснод барои иқомат дар Тоҷикистонро доштаанд.

Ба навиштаи пойгоҳ, гӯё мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ин шаҳрвандон гуфтаанд, ки дар сурати ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон ба ҷавобагрӣ кашида мешаванд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин бора то кунун ба таври расмӣ изҳорӣ назар накардаанд ва далелҳои овардаи расонаҳои қирғизиро низ шарҳ надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.