Дар Тоҷикистон имкони афзоиши даромади пулии аҳолӣ баррасӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон, ки 21 декабри соли равон садо доданд, ҳамоиш доир гардид. Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар музокираҳо роҳбарият, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд. Вазири рушди иқтисод […]

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон, ки 21 декабри соли равон садо доданд, ҳамоиш доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар музокираҳо роҳбарият, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Завқӣ Завқизода таваҷуҳи ҳозиринро ба дастурҳои сарвари давлат нисбат ба барномаи рушди кишвар дар панҷ соли наздик ҷалб намуд.

Аз ҷумла ӯ ба дастурҳо оид ба таъмини рушди иқтисод дар сатҳи 7% дар ин давра, таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд кардани даромади пулии аҳолӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ишора кард.

Дар паёми президент зикр шуда буд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати миёна дар кишвар 87 баробар, ҳаҷми нафақа – 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ – 75 баробар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83% дар соли 1999 то ба 26,3% дар соли 2019 поин рафт. Аз нашри нишондиҳандаҳои нав дар ин самт дар солҳои 2020-2021 мақомот алҳол худдорӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.