Амрико дар Афғонистон бузургтарин ёрирасон боқӣ мемонад

Амрико ба мардуми эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа 308 миллион доллар ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дода гуфтааст, ин ёриҳо мустақиман ба мардуми Афғонистон дар соли 2022 расонида мешавад. Охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз баъдтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта […]

Амрико ба мардуми эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа 308 миллион доллар ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин бора Сафорати ИМА дар Душанбе хабар дода гуфтааст, ин ёриҳо мустақиман ба мардуми Афғонистон дар соли 2022 расонида мешавад.

Охири соли 2021 ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ аз баъдтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ҳушдор дода гуфта буд, ба миллионҳо нафар кӯдакони афғон гуруснагӣ ва марг таҳдид мекунад.  Бисёре аз афғонҳо маҷбуранд фарзандони хурдсоли худро бифурӯшанд, то боқимонда аъзои хонаводаро бо хӯрок таъмин кунанд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90 дарсади афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар хабарномае дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, Амрико бар тааҳуди устувори худ барои кӯмак ба афғонҳои эҳтиёҷманд дар Афғонистон ва минтақа таъкид мекунад. Дар назар аст соли 2022 USAID, як созмони байналмиллаии Амрико ба мардуми эҳтиёҷманди Афғонистон 308 миллион доллар кӯмаки башардӯстона расонад.

Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки Амрико ба унвони бузургтарин таъминкунандаи кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон боқӣ мемонад. Маблағи ҷудошудаи маҷмӯи кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА барои Афғонистон ва паноҳҷӯёни афғонистонро аз моҳи октябри соли 2020, ба ҳудуди 782 миллион доллар мерасонад”.

Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти ҳукумати Толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар баъдтар шуд. Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40%-и ММД мерасид, буҳрони шадиди башардӯстона рӯйи кор омад. Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд. Тибқи арзёбии СММ, аввали соли 2022 зиёда аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатти фақр қарор гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.