Боздошти раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон бо гумони фасод

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо истинод ба  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17 январ хабар дод. Кумитаи амнияти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки "аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук […]

Asia-Plus

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо истинод ба  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17 январ хабар дод.

Кумитаи амнияти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки "аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд".

КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.

Мақомот нисбати раиси Хадамоти гумрук бо моддаи "фасодкорӣ" парванда боз кардаанд.

Адилет Кубаничбекови 40-сола 26 октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.