“Толибон” аз Русияву Укроин хостанд, ки аз даргириҳои шадид худдорӣ кунанд

Вазорати хориҷаи Толибон бо нашри хабарномае аз Русия ва Укроин хост, ки аз даргириҳои шадид худдорӣ кунанд.  "Имороти Исломии Афғонистон аз ҳарду тараф мехоҳад, ки аз гирифтани мавқеъе, ки хушунатро шадидтар мекунад худорӣ намоянд."- омадааст дар хабарнома.  Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангуӣ Вазорати хориҷаи Толибон рузи ҷумъа, 25 феврал, бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ҳукумати Толибон бо […]

Вазорати хориҷаи Толибон бо нашри хабарномае аз Русия ва Укроин хост, ки аз даргириҳои шадид худдорӣ кунанд

"Имороти Исломии Афғонистон аз ҳарду тараф мехоҳад, ки аз гирифтани мавқеъе, ки хушунатро шадидтар мекунад худорӣ намоянд."- омадааст дар хабарнома. 

Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангуӣ Вазорати хориҷаи Толибон рузи ҷумъа, 25 феврал, бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ҳукумати Толибон бо асли бетарафӣ авзоъи Укроинро аз наздик зери назар дорад.

Дар хабарномаи "Толибон" аз талафоти эҳтимолии ғайринизомиён дар Укроин ибрози нигаронӣ шуда, аз тарафҳои даргир хоста шудааст, ки буҳрони кунуниро аз роҳи мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳал кунанд.

Дар поёни хабарнома Толибон аз тарафҳои даргир хостааст, ки нисбат ба ҳимояи ҳаёти донишҷӯён ва муҳоҷирони Афғонистон, ки дар Укроин ҳастанд диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.