Шаҳрдории Душанбе то бозори “Кӯшониён” хатсайрҳои нав боз кард

Аз 1 март бо мақсади мусоидат ба осон шудани равуои мусофирон то маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи аксари хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид шуд. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, аз ҷумла ба хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ – бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, […]

Аз 1 март бо мақсади мусоидат ба осон шудани равуои мусофирон то маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи аксари хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, аз ҷумла ба хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ – бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот ворид карда шудааст.

Ҳамчунин ба хатсайри микроавтобус (маршрутка)-и №19 (маҳаллаи Пахтакор – боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” низ тағйирот сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад,  ҳамзамон ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” нақлиёти ҷамъиятии зерин ба мусофирон хидматрасонӣ мекунад:

хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор – бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурӯдгоҳи кӯҳна – бозори Кӯшониён);

хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21(кӯчаи Гагарин -(ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ – бозори “Кӯшониён”;

хатсайри микроавтобуси №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”).

Шаҳрдории пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасонии хатсайрҳои автобусии муосири ватанӣ ва хатсайрҳои микроавтобусии болозикр истифода баранд.

Ёдрас мекунем, ки бо ифтитоҳи бозори “Кӯшониён” дар канори пойтахт, дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ду бозор – “Ҷал-Ҷам” ва “Султони Кабир” баста шуда, савдогарони ин бозорҳо ба бозори нав кӯчонида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.