Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар “Ҷоми Наврӯз-2022”-и Намангон бо Уганда бозӣ мекунад

Дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Наврӯз-202”, ки аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи мунтахаб – Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Уганда ширкат меварзанд. Гуфта мешавад, дар […]

Дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Наврӯз-202”, ки аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи мунтахаб – Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Уганда ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар даври 1/2 финалии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25 март бо тими Уганда бозӣ мекунад. Ҳамин рӯз дар бозии дигари нимфиналӣ мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии финалии “Ҷоми Наврӯз-2022” бозӣ карда, дастаҳои бозиҳои нимфиналиро бохта барои дарёфти ҷойи сеюм рақобат мекунанд.

Зикр мегардад, ки ҳамаи бозиҳо дар майдони дастаи футболи “Навбаҳор”-и Намангон баргузор мешавад. Мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон созмон дода шудааст.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон

Даври нимфинал

25 март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон

29 март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.