Ёрии 17 ҳазор долларии як созмони ҷамъиятӣ ба 580 хонавода дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии "Сабо"  дар ҳамкорӣ бо бархе аз созмонҳои хайриявии хориҷӣ дар моҳи рамазон ба 580 хонавода дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Душанбе дар моҳи рамазон ёриҳои иборат аз бастаҳои ғизоӣ расонид. Маросими тақдими бастаҳои ғизоӣ дар шаҳри Душанбе ба хонаводаҳои ниёзманд субҳи 8-уми апрел сурат гирифт, ки ба 21 хонаводаи паноҳандаҳои Афғонистон дар […]

Ташкилоти ҷамъиятии "Сабо"  дар ҳамкорӣ бо бархе аз созмонҳои хайриявии хориҷӣ дар моҳи рамазон ба 580 хонавода дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Душанбе дар моҳи рамазон ёриҳои иборат аз бастаҳои ғизоӣ расонид.

Маросими тақдими бастаҳои ғизоӣ дар шаҳри Душанбе ба хонаводаҳои ниёзманд субҳи 8-уми апрел сурат гирифт, ки ба 21 хонаводаи паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ёрӣ расонида шуд.

Ҷамшеди Сафаралӣ, раиси  ташкилоти "Сабо" ба "Азия-Плюс" гуфт, ки онҳо ба 300 хонавода дар Ховалинг аз ҳисоби худи созмон бастаҳои ғизоӣ расониданд, ки ҳаркадом  ҳудуди 30 доллари амрикоӣ арзиш дошт. Орд, равған ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ шомили ин бастаҳои ғизоӣ мешуд. 

"Дар Ховалинг ба 300 хонавода аз ҳисоби худи созмон ёрӣ расонидем. Ҳоло ба 280 хонаводаи ниёзманд дар Душанбе муштаракан бо созмони хайриявии "Ҳамёриҳои башарии туркӣ" (IHH)  расонидем",-гуфт Ҷамшеди Сафаралӣ.

Созмони "Сабо" аз соли 2017 ба ин сӯ, дар ҳамдасти бо созмонҳои хайриявии дохиливу хориҷӣ ба хонаводаҳои ниёзманд дар тамоми гӯшаву канори кишвар ёрӣ мерасонад ва дар назар аст, ки то охири моҳи рамазон ба 700 хонаводаи дигар бастаҳои ғизоӣ бирасонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.