Раёсати Оҷонсии зиддифасод рад мекунад. Ҳақиқати парванда алайҳи 3 мансабдори Спитамен чист?

Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд санҷиш ва боздошти се мансабдори ҳукумати ноҳияи Спитаменро рад карда гуфт, “нисбати ин шахсон маълумот мавҷуд нест”. Яке аз мансабдори ҳукумати ин ноҳия, ки номи ӯ низ дар расонаҳо бо ҷурми он, ки гӯё ҳангоми гирифтани пора ба маблағи калон боздошт шудааст, санҷишу боздошташ аз суйи Оҷонсиро инкор кард, вале […]

Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд санҷиш ва боздошти се мансабдори ҳукумати ноҳияи Спитаменро рад карда гуфт, “нисбати ин шахсон маълумот мавҷуд нест”. Яке аз мансабдори ҳукумати ин ноҳия, ки номи ӯ низ дар расонаҳо бо ҷурми он, ки гӯё ҳангоми гирифтани пора ба маблағи калон боздошт шудааст, санҷишу боздошташ аз суйи Оҷонсиро инкор кард, вале гуфт, “танҳо суҳбати телефонӣ буд”.

Бо гузашти як ҳафтаи хабарҳо атрофи гӯё боздошти се мансабдор дар бинои ҳукумати Спитамен мақомоти ин ноҳия расман вокуниш накардааст.

Рӯзи 4-уми апрел пойгоҳи “Бомдод” бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки гӯё рӯзи 1-уми апрел кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи ҷумҳуриявӣ дар бинои ҳукумати Спитамен се мансабдори баландпояи ин ноҳияро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи бузург боздошт кардаанд.

Аз ин мансабдорон Султони Маъмур, муовини раиси ноҳияи Спитамен, Муқим Раҷабов мудири шуъбаи умумӣ, муроҷиатҳо ва назорати дастгоҳи раиси  ноҳия ва Далер Исобоев раиси ҷамоати ба номи Турсунбой Улҷабоев ном бурда мешавад, ки гӯё барои тағйири самти истифодаи қитъаи замин аз як шаҳрванд 100 ҳазор сомонӣ талаб карда, як қисми маблағро пешакӣ гирифта ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда боздошт шудаанд. Манбаъ навиштааст, ин маблағ аз ин се мақомдори баландпоя ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуда, ба дари утоқи кории Султони Маъмур ва Муқим Раҷабов муҳр задаанд.

“Тафтиш нагузарониданд, танҳо суҳбати телефонӣ буд”.

Дар пайи ин хабар хабарнигори “Азия-Плюс” бъди як рӯз барои дақиқ кардани ҳодиса ва дарёфти ҷузъиёти он ба ноҳияи ноҳияи Спитамен рафт. Рӯзи 5-уми апрел, Султони Маъмур, муовини раиси ноҳияи Спитамен дар утоқи корияш ҳузур надошт ва ба гуфтаи масъулин гӯё ӯ бо як сафари корие берун аз ҳудуди ноҳия баромадааст.

Ҳарчанд масъулини ноҳия расман дар суҳбати ҳузурӣ ҳодисаро на инкор ва ё на тасдиқ карданд, вале чанд ҳамсуҳбати мо аз ҳукумати ноҳияи Спитамен гуфтанд, ба дари Султони Маъмур муҳр зада нашудааст ва ӯ корашро идома медиҳад. Бо вуҷуди талошҳои зиёд, мо натавонистем бо муовини раиси ноҳияи Спитамен атрофи сарусадоҳои ахир суҳбат кунем ва назари ин мақомдор то куну барои мо дастрас нест.

Муқим Раҷабов, мудири шуъбаи умумӣ, муроҷиатҳо ва назорати дастгоҳи раиси  ноҳияи Спитамен, рӯзи 5-уми апрел дар суҳбати ҳузурӣ ва дар утоқи корияш ба “Азия-Плюс” сарусадоҳои боздошташ бо ҷурми гирифтани пораро рад кард. Вай пофишорӣ карда гуфт, ки ҳеч санҷише дар утоқи корияш гузаронида нашудааст. Ӯ гуфт: “Мо дар утоқи корӣ мебошем ва ман фикр мекунам ин туҳмат ё чизи дигар, асос надорад ва ба шуъбаи ман дахолат надорад”. 

 “Рӯзи 1-уми апрел ягон хел санҷиш дар ин ҷо гузаронида нашудааст ва мо дар утоқи корӣ будем. Кормандони Агентӣ ягон намуди тафтиш нагузаронидаанд,  танҳо суҳбати телефонӣ буд, ки чи хел ҳуҷҷатҳо қабул мешавад ва дар чанд муддат ба иҷрокунандагон дастрас мешавад, ҳамин буд. Утоқи кориямро насанҷидаанд ва ба дари утоқ низ муҳр ҳам назадаанд. Ман ва ду нафар корманди дигари ҳукумат гӯё 100 ҳазор сомонӣ пора гирифта бошем, ин хабарро рад мекунам”,-гуфт ӯ.

Дурустии тасдиқи гуфтаҳои ӯ барои мо норӯшан аст. Зеро бо гузашти як ҳафта аз хабари боздошти се мансабдори баландпоя бо ҷурми порагирӣ, то ҳанӯз мақомоти ҳукумати Спитамен расман чизе нагуфтаанд.

Ҳамзамон бо вуҷуди талошҳо то ба ҳол назари ду мансабдори баландпояи ҳукумат Султони Маъмур, муовини раиси ноҳия  ва Далер Исобоев раиси ҷамоати Турсунбой Улҷабоев барои мо дастрас нест.

Дар ҷамоат чӣ гуфтанд?

Рӯзи 5-уми апрел, вақте мо ба бинои ҷамоати Турсунбой Улҷабоев, яке аз ду ҷамоати бузургтарини Спитамен рафтем, раиси ҷамоат Далер Исобоев дар ҷойи кор набуд. Зердастонаш ҳозир нашуданд дар суҳбат бо мо дар мавриди қазияи хабарҳои боздошти ӯ бо ҷурми порагирӣ чизе бигӯянд. Вале гуфтанд, раиси ҷамоат сари кор аст ва барои азназаргузаронии чанд иншоот ба маҳалҳо рафтааст.

Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд, рӯзи 7-уми апрел дар як посухи катбӣ (хаттӣ) ба “Азия-Плюс” дар мавриди сарусадои боздошти ин се мансабдор чунин посух дод:

“Дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд нисбати шахсони дар дархост зикргардида парвандаи ҷиноятӣ, маводи санҷишӣ ё дигар маълумот мавҷуд намебошад”.

Дар ҳоле Оҷонсӣ набудани санҷишу оғози парванда нисбат ба се мансабдори ҳукумати ноҳияи Спитаменро таъйид кардааст, ки худи ҳукумати ноҳияи Спитамен ва ду масъули баландпояи ин ҳукмат расман қазияро шарҳ надодаанд ё вокунише ҳам нишон надодаанд.

Султони Маъмур, муовини раиси ноҳия, чанд соли ахир то расидан ба ин мақом мудири кумитаи замини ноҳия буд. Ин кумита сохторҳое маҳсуб меёбад, ки дар гузашта мақомот аз боздошту порагирии чанд мақомдори дигари ин ниҳод дар Суғд ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин хабар дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.