Толибон як фармондеҳи ӯзбекро озод карданд. Ҳабси ӯ сабаби беназмиҳо дар Афғонистон шуд

Фармондеҳ (командир)-и узбектабори бонуфузи ҳаракати тундгарои “Толибон” дар шимоли Афғонистон Махдум Олимро, ки се моҳ пеш толибон ба ҳабс гирифта буданд, худашон аз зиндон раҳо карданд, менависад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News. Ба иттилои манбаъ, Махдум Олим 12 январ бо фармони муовини вазири мудофиаи ҳукумати толибон мулло Муҳаммад Фозил дар Мазори Шариф ба […]

Фармондеҳ (командир)-и узбектабори бонуфузи ҳаракати тундгарои “Толибон” дар шимоли Афғонистон Махдум Олимро, ки се моҳ пеш толибон ба ҳабс гирифта буданд, худашон аз зиндон раҳо карданд, менависад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News.

Ба иттилои манбаъ, Махдум Олим 12 январ бо фармони муовини вазири мудофиаи ҳукумати толибон мулло Муҳаммад Фозил дар Мазори Шариф ба ҳабс гирифта шуда, баъдан раҳбарияти “Толибон” ӯро ба рабудани чанде аз афғонҳо муттаҳам донист.

Аммо рӯзноманигорони афғон мегӯянд, фармондеҳи бонуфуз дар натиҷаи ихтилофҳо дар дохили ҳаракати тундгаро байни фармондеҳони паштунтабор ва фармондеҳони ғайрипаштун боздошт шуда буд.

Пас аз ҳабси Олим аҳолии ӯзбектабор дар вилояти Форёб, ки дар он ҷо гуруҳҳои зери тобеъи ин фармондеҳ сукунат мекунанд, даст ба ошӯб заданд. Ӯзбекҳои маҳаллӣ толибони паштунтаборро латукӯб ва силоҳашонро тасарруф намуданд. Якчанд рӯз ҳукумат дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Маймана зери назорати ошӯбгарон қарор гирифт.

Гуфта мешавад, толибон ба Маймана дастаҳои иловагии ҷангиёни худро сафарбар намуда, вазъиятро зери назорати худ баргардониданд.

Тавре ки Aamaj News хабар медиҳад, озодии Олим ба туфайли миёнаравии фармондеҳи дигари ӯзбектабори неруҳои “Толибон” Салоҳуддин Айюбӣ, ки дар ҳукумати толибон ба ҳайси муовини вазири кишоварзӣ ифои вазифа мекунад, сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳаракати тундгаро асосан аз паштунтаборҳо иборат аст. Баъди ба сари қудрат расидан толибони паштунтабор ба таъқибу озори намояндагони дигар гуруҳҳои этникии Афғонистон оғоз карданд. Моҳҳои охир чанде аз фармондеҳони “Толибон” аз шумори ӯзбекҳову тоҷикон мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.