“Истиқлол” имкони роҳ ёфтанро ба марҳилаи минбаъдаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2002 аз даст дод

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуда, имкони роҳ ёфтанро ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа аз даст дод. Қобили зикр аст, ки ҳамаи чор бозии марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро “Истиқлол” бохт. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар […]

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуда, имкони роҳ ёфтанро ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқа аз даст дод.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи чор бозии марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро “Истиқлол” бохт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии даври чоруми гуруҳи “А” футболбозони тоҷик дар бозӣ бо тими “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуданд.

Гуфта мешавад, бар асоси натоиҷи чаҳор даври мусобиқа «Ал-Ҳилол» дар гурӯҳи «А» бо 12 имтиёз садрнишин аст.  «Ал-Райян» (7 имтиёз) дар зинаи дуюм ва «Шарҷа» (4 имтиёз) дар мақоми дуюм қарор доранд. «Истиқлол» то ҳол имтиёзе ба даст наовардааст.

Зикр мегардад, ки дастпарварони Виталий Левченко дар ду бозии боқимондаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 бо дастаҳои «Ал-Райян» (23 апрел) ва «Шарҷа» (27 апрел) бозӣ мекунанд.

Ҷадвали бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

23 апрел (шанбе)

«Ал-Райян» (Қатар) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 6-ум

27 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шарҷжа» (АМА)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Райян» (Қатар)

Қобили зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гуруҳи “А” дар Арабистони Саудӣ ҷараён доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.