«Фурсати донистан»: нозукиҳои Кодекси расмиёти маъмурии Тоҷикистон

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшинос ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд. Мавзуи суҳбат бо Мадина «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар масоили расмиёти маъмурӣ” буд. Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшинос ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд. Мавзуи суҳбат бо Мадина «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар масоили расмиёти маъмурӣ” буд.

Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.

Мадина Отабоева гуфт, ки Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007-ум қабул шуда, тартиби таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, баррасии ариза ва шикоятҳои маъмурӣ, мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд, ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд. Ба назари Отабоева мисли ҳар санадҳои дигари ҳуқуқӣ мақсади Кодекс таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти маъмурӣ мебошад.

Ба назари ин ҳуқушинос, меъёрҳои Кодекси расмиёти маъмурииТоҷикистон  дар мақомоти маъмурӣ-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси қонун ваколатҳои оммавии ҳуқуқиро татбиқ менамоянд.

Отабоева гуфт, ки доираи амали ин кодекс фаъолияти мақомоти маъмурриро фаро гирифта, ба фаъолияти мақомоти давлатии зерин дахл надорад:

• Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян намудааст;

• Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳое, ки боби 6-уми Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

• Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Амали ин Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои маъмурӣ байни мақомоти маъмурӣ нисбати тақсими ваколатҳо, афзалиятнокии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ, амалҳои мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иҷрои вазифаҳои маъмурӣ, инчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд татбиқ мегардад,-гуфт ин вакили дифоъ.

Отабоева дар посухи ба суоли, ин ки аксар шаҳрвандон тафовути байни расмиёти маъмурӣ ва ҷиноиро дарк намекунанд, гуфт ки амали кодекс ба фаъолияти мақомоти маъмурӣ дар мавридҳои зерин марбут намешавад:

• таъқиби ҷиноии шахсон вобаста ба содир намудани ҷиноят ва истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ;

• фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;

• иҷрои ҳукм ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд;

• қабули қарор оид ба масъалаҳои ҳарбӣ;

• татбиқи сиёсати хориҷӣ.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.