Як шаҳрванди Чинро барои ҳалокати як сокини ноҳияи Айнӣ як сол ҷазо доданду шартан озод карданд

Додгоҳи  нохияи Айнии вилояти Суғд, якшаҳрванд Чин, сардори қитъаи техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой”-ро барои  риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ ва ба ҳалокат расидан як корманди коргоҳ як сол ҷазо дода, вале шартан аз адои ҷазо озод кардааст. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13 майи 2022  шаҳрванди Чин Гав Ан Фу, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Додгоҳи  нохияи Айнии вилояти Суғд, якшаҳрванд Чин, сардори қитъаи техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой”-ро барои  риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ ва ба ҳалокат расидан як корманди коргоҳ як сол ҷазо дода, вале шартан аз адои ҷазо озод кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13 майи 2022  шаҳрванди Чин Гав Ан Фу, бар асоси қисми 2-и моддаи 190 КҶ Чумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сукунат таъин карда шуда, аммо бар асоси моддаи 71-и КҶ шартан татбиқ накардани ҷазо ба муҳлати 1 сол муҳлати санҷишӣ мукаррар карда шудааст. 

Аз шаҳрванди ҳалокушади Тоҷикистог Ҷамшед Ҳасанови 38-сола ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ будааст ва дар ин коргоҳ ба сифати нақбкан кор мекардааст.

Ӯ 8 апрел ҳангоми насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ (уфуқи 1733) зери ҷинсҳои кӯҳии ғалтида аз шифти нақд монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.

Мувофиқи хулосаи комиссияи тафтиши ҳодисаи нохуши ҳолати марговари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз 14.04.2022, сардори қитъаи техникаи бехатарии корхонаи “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” Гав Ан Фуро муҷрим дониста мешавад, ки кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.

Баъди ин ҳодиса, Додситонии ноҳияи Айнӣ алайҳи Гав Ан Фу, бар асоси моддаи 190 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.