Мушовири амнияти Ҳинд дар Душанбе: дар Афғонистон гуруҳҳои террористии зидди Ҳинд фаъоланд

Мушовири амниятии Ҳиндустон, Аҷет Дувол дар конфронси амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои эронияш  аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳорӣ нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аллаҳи Ҳиндустон фаъол шудаанд. Дар ин бораи "Афғонистон интернейшнл" хабар медиҳад. Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд ва […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Мушовири амниятии Ҳиндустон, Аҷет Дувол дар конфронси амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои эронияш  аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳорӣ нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аллаҳи Ҳиндустон фаъол шудаанд. Дар ин бораи "Афғонистон интернейшнл" хабар медиҳад.

Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд ва имрӯз идома мекунад. 

Дувол дар мулоқот бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Шомхонӣ шакл нагирифтани ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабиро аз ҷолишҳои калони ин кишвар донистааст.

Расонаҳои эронӣ хабар додаанд, ки мушовири амнияти Ҳинд гуфтааст, ки силлоҳое, ки аз неруҳои амрикоӣ дар дасти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон боқӣ мондаанд, таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсояи ин давлат хоҳанд буд. 

Шомхонӣ ҳам гуфтааст, ки таҳаввулоти Афғонистон бояд дар дастури кори гуфтугӯҳои минтақаӣ бошад. Дабири Шӯрои амнияти Эрон ҳам бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид кардааст ва гуфтааст, ки муҳоҷирати бисёри афғонҳо ба Эрон нишон медиҳад, ки ҳанӯз амнияти равонии лозим барои зиндагии одӣ дар ин кишвар эҷод нашудааст.

Дар ин нишасти Душанбе, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Даври қаблии ин нишасти амниятӣ бо меҳварияти Ҳинд дар Деҳлии Нав баргузор шуда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.