Сокини Рашт нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Турсунзодаро ғорат кард

Дар шаҳри Турсунзода як сокини 32-солаи ноҳияи Рашт ба гумони ғорати хазина (касса)-и фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ боздошт шуд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 39-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки соати тахминан 16:00 рӯзи 30 май як шахси номаълум  ба бинои хазина ворид шуда, бо […]

Дар шаҳри Турсунзода як сокини 32-солаи ноҳияи Рашт ба гумони ғорати хазина (касса)-и фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ боздошт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, як зани 39-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки соати тахминан 16:00 рӯзи 30 май як шахси номаълум  ба бинои хазина ворид шуда, бо калиди оҳанин ӯро лату кӯб ва пулҳоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Гуфта мешавад, маблағи дуздидаи ӯ 12 ҳазору 620 сомонӣ (зиёда аз 1 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Аз боздоштшуда ном бурда нашудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми се моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ коҳиши сабти шумори ҳодисаҳои дуздӣ ба қайд гирифта мешавад. Моҳҳои январ-март шумори ин гуна ҷиноятҳо 1683 ададро ташкил додааст, ки 281 ҳолат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.