Ҳайати расмии Саудӣ дар Конфронси оби Душанбе ба НБО Норак низ рафтаанд

Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки барои ширкат дар Конфрронси дуюми байналмилалии оби Душанбе омда буданд, аз НБО "Норак" дидан кардаанд. Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ доктори Абдулазиз аш-Шайбонӣ дар Конфрронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, […]

Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки барои ширкат дар Конфрронси дуюми байналмилалии оби Душанбе омда буданд, аз НБО "Норак" дидан кардаанд.

Ҳайати расмии Подшоҳии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муовини вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ доктори Абдулазиз аш-Шайбонӣ дар Конфрронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ҳайати расмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  аз НОБ-и “Норак” ширкат карданд.

Ин ҳайатро сафири фавқулодда ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон  дар сафар ба Норак ҳамроҳӣ кардааст.

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев ҳайати Саудиро бо осорхонаи таърихи сохтмони НОБ, Маркази идоракунии нерӯгоҳ, макони ҷойгиршавии чархаҳо ва қубури обпарто ошно кардааснд.

Бино ба хабари Сафорати Саудӣ дар Душанбе, раиси ҳайати Саудӣ, профессор Абдулазиз аш-Шайбонӣ дар ин сафар ва мулоқот ба нақши президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкили об дар сайёра ишора намуда, омодагии кишварашро барои ҳамкории зич дар масъалаи об таъкид кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.