Хатмкунандагони литсейи Хуҷанд барои идомаи таҳсил дар ИМА 2,5 млн доллар гирифтанд

Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм карда, аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 млн доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори Литсей Сурайёхон Неъматзода гуфтааст, онҳо дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби […]

Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм карда, аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 млн доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори Литсей Сурайёхон Неъматзода гуфтааст, онҳо дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 млн доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд.

“Ҳамзамон 18 нафар хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шудаанд. 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи директори Литсей, дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ тариқи ройгон ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ бо омӯхтани ин забонҳо машғуланд.

“Ин амр имкон медиҳад хонандагон забонҳоро азхуд намуда, дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва соҳиби грантҳои омӯзишӣ гарданд”, – изҳор доштааст Сурайёхон Неъматзода.

Зимнан зикр шудааст, ки таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи чаҳонӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.